Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ

Ноябрь 21, 2013 09:07

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 20 ноябри соли 2013 дар шаҳри Брюссел ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Дар чорабинии мазкур ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо муаррифӣ гардиданд. Дар раъси ҳайати Иттиҳоди Аврупо вазири корҳои хориҷии Литва Линас Линкявичюс қарор дошт. Иштирокчиёни вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои минтақавии Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаҳои маориф, волоияти қонун ва муҳити зист муҳокима карда, оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ табодули назар намуданд. Перомуни ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ, раиси ҳайати Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо таҳияи муштараки Нақшаи амал оид ба рушди сармоягузорӣ ва савдо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро пешниҳод кард. Баррасии чолишу хатарҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон дар меҳвари муҳокимаи вохӯрии вазирон буд. Дар маҷмуъ, иштирокчиёни вохӯрӣ ба як мавқеъ расиданд, ки масоили амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо вазъият дар Афғонистон робитаи қавӣ дорад ва қазияи Афғонистон ҳалли ҳарбиро надорад. Зимни муҳокимаи вазъият дар Афғонистон иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ таъкид намуд, ки амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон бояд бо чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ таҳким дода шавад. Дар ин қарина, Ҳ.Зарифӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ дар бораи ташаббуси қаблан эълоншудаи Тоҷикистон доир ба бунёди маркази минтақавии бисёрсоҳа оид ба омодасозии кадрҳо барои Афғонистон дар Душанбе ёдовар шуд ва аз шарикони аврупоӣ даъват намуд, ки дар лоиҳаҳои сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ СASA-1000, роҳи оҳане, ки тавассути Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон убур мекунад, инчунин дар лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, ки ба ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардуми минтақа нигаронида шудаанд, фаъолона ширкат варзанд.

Ноябрь 21, 2013 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад