Ғолибияти варзишгарони тоҷик дар муҳорибаҳои ҷанги дастӣ
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Дар маҷмаии варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушод оид ба муҳорибаҳои ҷанги дастӣ барои дарёфти Ҷоми Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи муҳорибаҳои ҷанги дастӣ ва каратэи анъанавии шаҳри Душанбе доир гардид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ин мусобиқа варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, ҳамчунин зиёда аз 14 даста аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Ҳамзамон дар мусобиқаи мазкур варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.Дар мусобиқаҳои даставӣ, ки миёни калонсолон доир гардид, варзишгарони Ҷумҳурии Қирғизистон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, сазовори ҷои аввал шуданд. Ҷои дуюм насиби варзишгарони дастаи «Динамо» гардида ва ҷои сеюмро варзишгарони Гвардияи миллӣ ба даст оварданд.Дар вазни 86 килограмм пулемётчики калони Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, лейтенанти калони милитсия Қурбоналӣ Назаров ва Сарфароз Сарфарозов — дастурдиҳандаи калон оид ба ҷанги тан ба тани ДТММ баромад намуда, ҷойҳои аввалро соҳиб гаштанд.Барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва иштироки фаъолонаи варзишгарони Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи мазкур аз ҷониби Федератсияи Осиёгии муҳорибаҳои ҷанги дастӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сипосномаи фахрӣ» супорида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






