Қадрдонии хизмати кормандони РВКД
Хоруғ, 31 декабр.(АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят ба муносибати Соли нави мелодӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар он ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохила ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳру ноҳияи Шуғнон ва собиқадорони соҳаи милитсия ширкат варзиданд. Файзуллоҳ Нозимов- сардори Раёсати мазкур, полковники милитсия кулли иштирокдорони чорабинӣ ва собиқадорони соҳаи милитсияро бо фарорасии Соли нави мелодии 2014-ум табрик намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузорӣ намоянд. Вай ҳамчунин аз фаъолияти ин ниҳод дар соли сипарӣ ёдовар шуда, афзуд кормандони милитсия ба мушкилоти соҳа нигоҳ накарда, тавонистанд дар таъмини сулҳу субот дар кишвар ва минтақа ҳиссагузори намоянд. Дар радифи баргузории чорабинии идона теъдоде аз ҳайати шахсии Раёсати мазкур ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар соҳаи милитсия бо рутбаҳои афсарӣ ва ифтихорномахои ин раёсат қадрдонӣ шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






