Қатъ гардонидани фаъолияти гуруҳи нашъаҷаллоб дар Фархор
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти махсус гузаронида, фаъолияти як гуруҳи муташаккилро қатъ намуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, дар доираи назорати кормандони агентӣ як аъзои фаъоли ин гуруҳ- сокини 19-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон афтод, ки кӯшиши фурӯхтани маводи нашъаоварро мекард. Дар вақти дастгир намудан аз ӯ як пакети селофанӣ бо маводи хамирмонанди ҷигарранг бо бӯйи махсус ёфт ва мусодира гардид. Мутобиқи ташхиси лабораторияи судии агентӣ маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари навъи афюн буд. Назорати фаврии махфӣ аз болои иштирокчии ин гурӯҳ имкон дод, ки дигар аъзо ва роҳбари гуруҳи нашъаҷаллобро муайян ва дастгир намоянд. Онҳо мехостанд, ки маводи нашъаовари ба таври қочоқ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба даст овардаашонро аз тариқи ҷумҳурии мо ба ҳудуди Федератсияи Русия интиқол намоянд. Дар асоси маълумотҳои ҷамъшуда дар ҳудуди ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор даври ниҳоии амалиёт гузаронида шуда, дар натиҷа як аъзо ва роҳбари ин гуруҳи ҷиноятпеша дастгир шуданд. Аз хонаи истиқоматии роҳбари гуруҳ кормандони фаврии агентӣ як халтаи селофанӣ бо афюн, ки вазнаш қариб 2 кг буд, ёфт ва мусодира намуданд. Аз рӯйи ин ҳодиса нисбат ба шаҳрвандони дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққаттии агентӣ ворид шудаанд. Дар айни замон дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозшуда чорабиниҳои тафтишотию фаврӣ барои муайян намудани дигар шахсони ба ин амал алоқаманд идома доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






