Қочоқи асъори хориҷӣ
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Ба хотири дар амал татбиқ намудани талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва пешгирӣ намудани ҳама гуна қонуншиканӣ дар соҳаи гумрук кормандони мақомот аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуда, ба таври шабонарўзӣ муборизаи дастаҷамъонаро ба роҳ мондаанд. Аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи гумруки “Майдони ҳавоӣ”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри самти “Хуҷанд-Урумчӣ” бо гумони интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ шаҳрванд Абдусалом Ғаффоров, соли таваллудаш 1985 боздошт гардид. Ҳангоми муоинаи гумрукӣ аз дохили ҷомадони номбурда 7 адад бастаи пули асъори хориҷӣ ба маблағи умумии 67 ҳазору 900 доллари амрикоӣ дарёфт ва гирифта шуд. Абдусалом Ғаффоров 10 ҳазор доллари амрикоиро ҳангоми назорати гумрукӣ бо шакли хаттӣ дар эъломияи гумрукии шакли “Т-6” пешниҳод намуда, боқимонда маблағи 57 ҳазору 900 долларро мехост аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ интиқол диҳад. Нисбат ба шаҳрванд Абдусалом Ғаффоров парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 1-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, барои тафтиши минбаъда ба Прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд ирсол карда шуд. Дар ин бора аз Хадамоти гумрук хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






