Қоидаҳои бехатарӣ аз сўхторро қатъиян риоя намоед!
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Ҳафтаи гузашта дар миқёси ҷумҳурӣ 32 ҳодисаи сўхтор бо хисороти молии 409601 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Масоҳати умумии сўхторҳо 807.5 метри мураббаъро ташкил дода, маблағи аз сўхтор эмин дошта шуда, ба 2 млн. 058 ҳазору 845 сомонӣ баробар мебошад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш оташбозии кўдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Аз ин шумора 15 сӯхтор дар вилояти Суғд, 11 сӯхтор дар вилояти Хатлон, 5 сӯхтор дар шаҳри Душанбе, 2 сӯхтор дар ВМКБ ва 2 сӯхтор дар шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шуда, боқимонда дар ноҳияҳои Рудакӣ, Турсунзода, Файзобод, Ҷиргатол ва Рашт рух додаанд. Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД аз сокинони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхторро қатъиян риоя намуда, ҳаёту саломатӣ ва дороии худу атрофиёнро дар хатар нагузоранд. Ҳангоми ба амал омадани ҳодисаҳои сўхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман бо телефони «01»занг зананд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






