Қурби миёнаи доллари ИМА боз паст шуд

Декабрь 13, 2013 11:30

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА каме паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9190-4,9360 сомонӣ қарор гирифт.  Дар ин давра қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ бе тағйир боқӣ монда, 0,1487-0,1497сомониро ташкил намуд, евро каме баланд шуда ба 6,6123-6,6361 сомонӣ баробар шуд. Тавре ки аз хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, 12 декабр қурби миёнаи доллари ИМА боз паст шуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9205-4,9337 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9000-4,9100 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9200-4,9300 сомониро ташкил дод.

Декабрь 13, 2013 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш