Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Тибқи маълумотҳои оморӣ дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 15 млрд.32 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10.8 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ мутаносибан 108,1 ва 106,9 фоизро ташкил медиҳад.Мувофиқи иттилои раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар майдони 191330 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Ҳафтаи сипарӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 392 ҳазору 681 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 96.6 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






