Ҳамкорӣ баҳри нигоҳдории гуногунии биологӣ
Кӯлоб, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Яке аз ташкилкунандагони Боғи ботаникӣ дар шаҳри Кӯлоб Тилло Бобоев мебошад ва ин олими варзида, номзади илмҳои биологӣ бо кӯмаки молиявии Фонди Кристенсон дар Боғи ботаникӣ гӯшаи гуногунии биологиро ташкил намудааст, ки дар ин гӯша растаниҳои аз байн рафтаистода ва ниҳолхонаи ниҳолҳои навъи маҳаллӣ парвариш мешавад. Дар ин минтақаи зебоманзар ташкилоти «Зан ва замин» низ дар даҳ мактаби ноҳия боғҳои бобоиро ташкил намудааст, ки дар ин боғҳо ниҳолҳои маҳаллӣ, ки аксари онҳо аз байн рафта истодаанд, парвариш мешаванд. Дар ин мактабҳо мутахассисони соҳаи агрономии ташкилот ҳамроҳ бо муаллимони биологияи мактабҳо қитъаҳои вижаи гуногунии биологӣ таъсис додаанд, ки ҳадафи аслӣ аз ин иқдом муттаҳидӣ ва ҳамкорӣ баҳри нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ба насли ҷавон додани донишҳои халқиву илмӣ рочеъ ба гуногунии биологӣ аст. Дар ин қитъаҳо бо хонандагон дарсҳои амалӣ гузаронида шуда, ба онҳо тарзи шинонидани дарахтони мевадор ва бемева, пайванд кардани онҳо, чӣ будани гуногунии биологӣ, организмҳои генашон такмилёфта омӯхта мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






