Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои идона боэҳтиёт бошед!
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки таъмини бехатарии зиддисўхторро дар маросимҳои Иди арча таъмин намоянд. Бо ин мақсад кормандони мақомоти мазкур дар боғчаҳову муассисаҳои таълимӣ ва дар маҳалҳои зист оид ба риояи қонуну қоидаҳои бехатарии зидди сўхтор вохўриҳо гузаронида, баҳри ошкор ва мусодираи маводи таркандаи пиротехникӣ саҳм мегузоранд. Дар ин вохӯриҳо кормандони хадамот ба масъулин оид ба қоидаҳои бехатарии зиддисўхтор ҳангоми гузоштан ва ороиш додани арча сухан карда, зикр намуданд, ки арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад. Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифт нарасанд ва аз девор на кам аз як метр дур истад. Дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомўшкунакҳои коршоям ва кампали пашмин нигоҳ дошта шавад. Дар ҳолати набудани оташхомўшкунак бояд дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об захира намуд. Дар муассисаҳои таълимие, ки қувваи барқ аз рўи меъёр дода мешавад, иди арчаро мебояд фақат рўзона гузаронид. Арчаро дар мобайни толор дар пояи чилликмонанди мустаҳкам ва ё дар чалаки пур аз хок шинонд. Арчаро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда оро додан ва бо шамъ чароғон кардан манъ аст. Атрофи поя ва шохчаҳои арчаро бо пахтаи ба моеи зиддисўхтор коркарднашуда печонидан, ба он бозичаҳои пахтагин овехтан манъ аст. Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва тамоми кормандони соҳаи оташнишонӣ, аз устодону шогирдони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, аз падару модарон ҳоҳиш менамояд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои идона қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






