Ҳиндустон ва Тоҷикистон: таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба

Декабрь 25, 2013 10:45

Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Бузмаков бо намояндагони Шўрои бехатарии кишвари Ҳиндустон вохўрӣ доир намуд. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ҷараёни вохўрӣ тарафайн масоили марбут ба самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҳамкории наздисарҳадӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамчунин хариду фурўши ғайриқонунии яроқу аслиҳаро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар вохўрии мазкур дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани савияи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Декабрь 25, 2013 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш