Ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба раисии Тоҷикистон дар СҲШ

Декабрь 10, 2013 11:17

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Имрўз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар солҳои 2013-2014, омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ ва тадбирҳои омодагӣ ба ин чорабинии муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо назардошти таклифу пешниҳодоти аъзои Кумитаи тадорукот такмили нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида зарур шуморида шуд. Сарвазири мамлакат аъзои Кумитаи тадорукотро вазифадор кард, ки ҷиҳати татбиқи бандҳои қобили қабули нақшаи чорабиниҳои асосӣ ва тадбирҳои омодагӣ чораҳои зарурӣ дида, барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ гузаронидани давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои узви созмон тадбирҳои бетаъхир ва зарурӣ андешанд.Ёдрас мешавем, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои солҳои 2013-2014 ташкил ва гузаронидани зиёда аз 36 чорабинии сатҳу зинаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.

Декабрь 10, 2013 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд