Ҷалби бештари занон ба касбомӯзӣ

Декабрь 6, 2013 09:37

Восеъ, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо мақсади ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарони маҳаллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияи Восеъ бо дастгирии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Тоҷикистон як маркази нави касбомӯзии дӯзандагӣ фаъол гардонида шуд, ки баъди хатми он занону духтарон соҳибкасб гардида, дар корҳонаҳои дӯзандагӣ ба кор ҷалб мешаванд. Барои васеъ намудани фаъолияти маркази мазкур боз 4 адад дастгоҳи нави дарздузӣ ва барои ба дарсҳои комютерӣ фаро гирифтани аҳолии атрофи ҷамоати деҳоти Тугарак 4 компютери дигар туҳфа намуданд. Ба иттилои кормандони маркази мазкур дар ин таълимгоҳ дар як вақт метавонанд 20 нафар занону духтарони хонашину хоҳишманд касби дӯзандагиро омӯзанд. Омӯзиши касби дӯзандагӣ дар ин таълимгох ройгон буда, дар оянда ба ғайр аз сокинони ҷамоати деҳоти Тугарак боз сокинони ҷамоатҳои дигари ноҳия низ метавонанд ба омӯзиши касби дӯзандагӣ машғул шаванд.

Декабрь 6, 2013 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд