Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ дар соли ҷорӣ
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дар 11 моҳи соли соли равон корхонаҳои маҳсулоти пластмассӣ 47,8 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни пластмассӣ истеҳсол намуданд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар корхонаҳои мазкур истеҳсоли ин гуна маҳсулотҳо мунтазам афзуда, дар айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 17 корхонаи хурду миёна ва 5 коргоҳи коркарди истеҳсоли маҳсулотҳои пластмассӣ мавҷуд мебошанд. Гуфта мешавад, дар корхонаҳо қубурҳои пластмассии диаметри аз 15 то 630 мм, плёнкаи полиэтилении бараш 0,5 то 1,5 метр, борхалтаи полипропилении ғунҷоишаш 2 кг ва 2000 кг, зарфҳо ва сарпӯшҳои полиэтилентрефталатии ғунҷоишаш аз 0,5 то 5 литр, варақаҳои пенополистиролӣ, сатил ва тағораи полиэтиленӣ ва полиамидии ғунҷоишаш то 5-10 литр, қуттиҳои полиэтиленӣ барои нигоҳдории рангҳои сохтмонӣ, қуттии пластмассӣ барои нигоҳдории меваю сабзавот, профилҳои пластмассӣ барои истеҳсоли дару тиреза, қуттиҳо барои нигоҳдории воситаҳои барқӣ истеҳсол гардида истодааст.Ёдрас мешавем, ки корхонаҳои мазкур дар асоси таҷҳизот ва хатҳои технологии муосир фаъолият менамоянд, ки маҳсулоти истеҳсолии онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бозори дохилию хориҷӣ рақобатпазир бошанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






