Афзоиши маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ

Декабрь 23, 2013 11:27

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳои соҳаи саноати хўроквории низоми Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҳаҷми 317 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар доданд, ҳамчунин дар давоми 11 моҳи соли равон дар соҳаи саноати хўроквории ҷумҳурӣ аз ҳисоби сармояи соҳибкорони ватанӣ 88 адад коргоҳу корхонаҳои нави ҳозиразамон бунёд гардидаанд. Гуфта мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳои соҳаи саноати хўроквории низоми Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҳаҷми 317 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 128%-ро ташкил медиҳад.

Декабрь 23, 2013 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш