Арзёбии соҳаи сайёҳӣ дар иртибот бо ҳунарҳои дастӣ
Душанбе, 3 декабр.(АМИТ “Ховар”, Ситора Раҷабова).-Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) соҳаи сайёҳиро дар Тоҷикистон дар иртибот бо ҳунарҳои дастӣ арзёбӣ менамояд. Дар доираи ибтикори нави Марказ дар Тоҷикистон самтҳои рушди соҳаи сайёҳии кишвар бо таваҷҷуҳи вижа ба алоқаманд кардани он барои дастгирии табақаҳои ниёзманд муайян карда хоҳад шуд. Мушовири байналмилалии МТБ доир ба сайёҳӣ Франсуа Лоран дуввумин боздиди худро аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ибтикори сайёҳии МТБ анҷом дод. Ҷаноби Лорен мегӯяд: “Ҳамакнун, ҳама иттилооти лозима доир ба вазъи феълӣ дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, сиёсатҳо ва барномаҳои мавҷудаи давлатӣ, бозигарони калидии соҳа ва иқтидори рушди соҳа ҷамъоварӣ шудааст ва таҳлил хоҳад гардид”. Ҷаноби Лорен аз шиносоӣ бо соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чунин таассурот бардоштааст: “Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ иқтидори бузург дорад. Аз ҷумла, ҳазорон нафарро метавон барои сайёҳат, куҳгардӣ, варзишҳои экстрим ва ғайра ба ин кишвар ҷалб кард.Баҳогузории соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ба наздикӣ тасдиқшудаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” гузаронида мешавад. Ин лоиҳа ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорати Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (SECO) дар Тоҷикистон мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






