«Асри Осиё» -ҳамоиш дар Исломобод
Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар Исломобод мулоқоти навбатии пленарии Ассамблеяи парлумонии Осиё, ки дирӯз таҳти унвони «Асри Осиё: ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика ва муҳити атроф» оғоз гардида буд, корашро идома дод. Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Назира Ғаффорова-муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ширкат дорад. Дар мулоқот намояндагони парлумонҳои 41 кишвари Осиё иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мухталиф миёни кишварҳои Осиё матраҳ менамоянд. Интизор меравад, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон, ки ба он вакилон Олим Салимзода ва Амирхон Сафаров шомиланд, зимни баромади худ таваҷҷуҳи иштирокдорони Ассамблеяи парлумонии Осиёро ба масоили марбут ба лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, дурнамои ташкили бозори энергетикии Осиё, масоили марбут ба ҳифзи муҳити зисти минтақа, тавсеаи равобити парлумонӣ байни кишварҳои Осиё ҷалб намоянд.Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Осиё сенатори Покистон Мушаҳид Ҳусейн Саид, ки ҳамзамон раиси Кумитаи тадорукотии ин чорабинист, суханронӣ намуда, баргузории ин ҳамоишро дар тавсеаи равобити байнипарлумонии кишварҳои Осиё муҳим арзёбӣ кард. Ҷаласаи қаблии Ассамблеяи парлумонии Осиё соли 2010 дар Димишқ -пойтахти Сурия баргузор гардида буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






