Барқияи шодбошии Э. Раҳмон ба Президенти Қазоқистон
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Муҳтарам Нурсултон Абишевич,Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Қазоқистон – Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки бар анъанаҳои мустаҳками дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ асос ёфтаву решаҳои қадимии таърихӣ доранд, зина ба зина рушд меёбанд. Мехоҳам арзиши хосса ва манфиати кӯшишҳои мутақобилаи таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи моро ба манфиати ду миллати бародар ва дар маҷмуъ, баҳри минтақа таъкид намоям. Тоҷикистон минбаъд низ аз ҷониби худ барои ин раванд ҷидду ҷаҳд хоҳад кард.Дар ин рӯзи саид мехоҳам ба Шумо Нурсултон Абишевичи азиз тани сиҳат, хушбахтӣ ва дар фаъолиятҳои давлатиатон бурдбориҳои калон, ба халқи бародари Қазоқистон бошад, сулҳ, некӯаҳволӣ ва саодатмандӣ таманно намоям”.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






