Барқияи шодбошии Президенти Тоҷикистонӣ ба Амири Давлати Қатар

Декабрь 18, 2013 16:30

Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибн Ҳамад Оли Сонӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Бародари гиромӣ,Сарфарозам ба муносибати фарорасии Иди миллии Давлати Қатар ба Шумо, Волоҳазрат, беҳтарин табрикоти бародарона ва самимонатарин шодбошҳои хешро ирсол дорам, ба Шумо саломативу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Қатар, рушду тараққӣ орзу намоям.Бо истифода аз ин фурсат мехостам бори дигар рағбати содиқонаи инҷонибро барои фаъолияти муштарак ба Шумо, Волоҳазрат, ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мухталиф, ки ба инкишофу шукуфоии онҳо равона гаштааст, иброз намоям.Парвардигор Шуморо муваффақ гардонад ва дар роҳи роҳбарӣ ба пешрафти мардуми кишваратон комёбиҳо арзонӣ дорад”.

Декабрь 18, 2013 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш