Барқияи табрикии Президенти Тоҷикистонӣ ба Подшоҳи Баҳрайн
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн Ҳамад ибн Исо Оли Халифа барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Бародари гиромӣ,Сарфарозам ба муносибати фарорасии Иди миллии Мамлакати Баҳрайн ба Шумо, Аълоҳазрат, беҳтарин табрикоти бародарона ва самимонатарин шодбошҳои хешро ирсол дорам, ба Шумо саломативу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Баҳрайн, рушду тараққӣ орзу намоям.Бо истифода аз ин фурсат мехостам бори дигар рағбати содиқонаи инҷонибро барои фаъолияти муштарак ба Шумо, Аълоҳазрат, ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвар ва инкишофу шукуфоии онҳо, ки асли ормонҳои мост, иброз намоям.Парвардигор Шуморо муваффақ гардонад ва дар роҳи роҳбарӣ ба пешрафти мардуми кишваратон комёбиҳо арзонӣ дорад”.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






