Барқияи тасаллият ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:»Муҳтарам Владимир Владимирович,Аз шунидани амалиёти террористӣ дар вокзали роҳи оҳани Волгоград, ки боиси ҳалокати одамон гардид, сахт андӯҳ гардидам. Мо ин амалиёти ваҳшиёнаро қатъиян маҳкум карда, изҳор менамоем, ки саъю кӯшишҳоро барои муқовимати самарабахш бо чунин бадкирдорӣ дастгирӣ намуда, ҷонибдори амалан муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди он мебошем.Ба Шумо, Владимир Владимирович тасаллияти амиқ иброз дошта, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии маро ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон расонед. Мо, ҳамчунин ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҳамаи осебдидагонро таманно дорем».








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






