Барқияи тасаллияти Э. Раҳмон ба Президенти Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума
Душанбе, 6 декабр (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Бо андӯҳи гарон хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Манделаро дарёфт намудам.Номи ин абармарди замон даҳсолаҳо парчами озодихоҳони тамоми дунё буд. Рӯҳи шикастнопазири ӯ, ки онро на зиндонҳои апартеид ва на фишори ғайриинсонии равонӣ дарҳам зада натавонистанд, ҳамеша намунаи волотарин ва қавитарини иродаи Инсони мубориз, Инсони пок ва озодихоҳ боқӣ хоҳанд монд. Барандаи мукофоти сулҳи Нобел барои ватанаш зист, вале кору пайкори ӯро башарият дурахшандатарин рамзи зиндагонии озоди Бани Одам донист.Ҷои ин бузургмард дар дилу дидаҳои мо ҳамеша холӣ хоҳад буд.Ҷаноби Олӣ,Маротиби тасаллият ва таъзияи самимиву амиқи инҷонибро қабул фармоед.Ба халқи Африқои Ҷанубӣ ва ҳамаи мардуми сайёра Парвардигор сабру таҳаммул ато фармояд. Ҳамдардии мардуми Тоҷикистон ва ҳар яки моро ба наздикону пайвандон, дӯстон ва ҳамаи дӯстдорони марҳум бирасонед”.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






