Барҳамдиҳии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Бахшида ба оғози амалисозии лоиҳаи «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» нишасти хабарӣ 5 декабр дар Душанбе баргузор гардид. Лоиҳа дар 3 кишвар — Қазоқистон, Кирғизистон ва Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегардад. Дар Тоҷикистон лоиҳаро Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» ва Намояндагии Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) амалӣ мекунад. Зикр гардид, ки ҳифзи кӯдакон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона хеле муҳим аст, зеро беҷазоии шиканҷа нисбат ба кӯдакон боиси он мегардад, ки барои кӯдакони ҳимоянашуда истифодаи зӯроварӣ на роҳу усули ҳуқуқӣ, воситаи ягонаи ҳалли мушкилот ва ноил шудан ба натиҷаҳо дар зиндагӣ мегардад. Хушунату зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон аксаран аз мадди назар дур мемонад, ба қайд гирифта намешавад ё мавриди тадқиқот қарор намегирад. Пажуҳиш оид ба зӯроварӣ, ки онро СММ дар соли 2006 гузаронида буд, исбот кардааст, ки кӯдакони дар муассисаҳои парасторӣ ва маҳрумият аз озодӣ ҷойдошта амалан назар ба тамоми кӯдакони дигар бештар дучори хавфи зӯроварӣ мешаванд. Мониторинги муштараки ҳуқуқҳои кӯдак, ки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» гузаронидаанд, нишон додааст, ки паҳншавии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон зиёд аст.Мақсади асосии лоиҳа мусоидат ба коҳиши ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон мебошад. Дар баробари мусоидат ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, лоиҳа ба он равона шудааст, ки дар навбати аввал истифодаи ҳабси ҷудогонаи кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида қатъ карда шуда, ба нигаҳдории якҷои кӯдакону калонсолон ҳеҷ гоҳ ва дар ягон муассиса роҳ дода нашавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






