Бархе аз кӯчаҳои пойтахт тағйири ном карданд
Душанбе, 20 декабр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Вакилони шаҳрӣ дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо қарорҳои марбута номи як силсила кӯчаҳои пойтахтро иваз карданд. Аз ҷумла, номи маҳаллаи Авул -1 ба Бунёдкорон, маҳаллаи Авул -2 ба Ободкорон, кӯчаи Федин ба номи собиқ муовини Сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов, кӯчаи Репин ба номи Хайрулло Мирзоев, кӯчаи Чкалов ба номи Қандил Ҷӯраев, кӯчаи Клара Сеткин ба номи Маҳмудбек Нарзибеков ва кӯчаи Спартаки пойтахт ба номи Гурминҷ Завқибеков табдил дода шуд. Ҳамзамон дар иҷлосия ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №3 С. Одинаев (бинобар фавт) пеш аз муҳлат қатъ гардонида шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






