Баррасии грантҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ дар АИТ

Декабрь 26, 2013 11:38

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дирўз, 25-уми декабри соли равон ҷаласаи навбатии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Президенти АИТ Фарҳод Раҳимов, директори Маркази барномаҳои байналмиллалӣ Самариддин Афғонов ва олимону аспирантони академия баргузор гардид, ки дар он масъалаи “Таҳияи лоиҳаҳо барои иштирок дар озмунҳо ё худ грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва грантҳои хориҷӣ” баррасӣ гардид.Тавре ки дар ин бора аз Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа Президенти АИТ иброз дошт, ки мақсади асосии ин ҷамъомад пеш аз ҳама ба аспирантон ва олимони ҷавон фаҳмонидан ва додани маълумоти муфассал дар хусуси грантҳои аз ҷониби ҳукумат барои таҳсил ва коромӯзии олимону аспирантони кишвар дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва Аврупову Амрико ҷудошуда ва усулҳои таҳияи лоиҳаҳо барои иштирок дар ин озмунҳо ва ё грантҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ мебошад. Ҳамчунин Фарҳод Раҳимов гуфтааст, ки дар АИТ рўзҳои наздик курсҳои забони русӣ, курсҳои IT — технологияҳо, курсҳои “Методологияи тадқиқоти илмӣ” барои олимони ҷавон ва аспирантони академия ба роҳ монда мешавад. Дар мулоқот директори Маркази барномаҳои байналмиллалӣ Самариддин Афғонов ба масъалаи грантҳои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, ки аз тариқи ин марказ ба роҳ монда мешаванд, равшанӣ андохт.

Декабрь 26, 2013 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд