Буридани шохи арча вубол аст
Хоруғ, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Соли нави мелодии 2014-ум торафт наздик меояд, вале дар бозор ва мағозаҳои шаҳри Хоруғ дар қиёс ба солҳои гузашта арчаҳои маснӯӣ камтар ба назар мерасанд. Олими набототшинос, мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, профессор Довутшо Наврӯзшоев дарахти ҳамешасабзи арчаро беҳтарин ифодагари рамзи Соли нави мелодӣ арзёбӣ намуда, мегӯяд, ки арча бо хусусиятҳои рамзӣ ва табобатиаш аз қадимулайём байни мардуми тоҷик аз маҳбубияти хос бархурдор буд. Дарахти ҳамешасабзи арча дар куҳу пуштаҳои кишвари мо аз Зарафшон то Бадахшон ва аз Рашт то Хатлон дар чор фасли сол аз фасли баҳор ва шукуфтанҳо ёдрас мекунад. Аз дигар намудҳои дарахтон дар Бадахшон ба дарахти арча хатари аз ҳама камтари буридашавӣ таҳдид мекунад, зеро ба бовари мардум арча дарахти муқаддас мебошад ва аз ин рӯ, сокинон аз буридани шохаҳои он худдорӣ меварзанд. Сокинони баъзе аз навоҳии вилоят шохаҳои ин дарахтро ба хотири дур андохтани неруҳои аҳриманӣ дар сутуни хонаашон овезон мекунанд. Гуё бӯи хуши ин шохаҳо ҳар бадиро аз хона берун мекунад. Ин яке аз сабабҳои афзоиши дарахти арча дар манотиқи куҳсори кишвар гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






