Дар ҷумҳурӣ ҳаҷми гӯшт афзуд
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Имсол ҳаҷми гӯшт дар ҳамаи хоҷагиҳои Тоҷикистон 123 ҳазору 600 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта баробари 7 ҳазору 600 тонна зиёд аст. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи маълумоти манбаъ соли равон дар кишвар беш аз 604 ҳазор тонна шир, 260 ҳазору 600 дона тухм ва 2 ҳазору 882 тонна асал ба даст омадааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли гузашта хеле зиёданд. Тайи соли 2013 ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 810 ҳазору 800 тоннаро ташкил дод, ки назар ба нишондодҳои соли гузашта баробари 297 тонна зиёд аст, — зикр намуданд дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






