Дар Тоҷикистон беш аз 372 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- То 1 декабри соли равон аз 191 ҳазору 330 гектар киштзор 372 ҳазору 132 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин 93,1 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Ғайр аз ин дар кишвар як миллиону 279 ҳазору 439 тонна ғалла ҷамъоварӣ шудааст, ки 908 ҳазору 402 тоннаи онро гандум ташкил медиҳад.Тавре ки дар Вазорати кишоварзӣ қайд намуданд, то 1 декабр дар кишвар беш аз як миллиону 14 ҳазору 800 тонна картошка истеҳсол шудааст, ки назар ба нишондодҳои соли гузашта баробари 104 ҳазору 100 тонна зиёд аст.Имсол дар кишвар ҷамъ 268 ҳазору 200 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки 151 ҳазору 300 тоннаи онро ангур ташкил медиҳад.Қобили зикр аст, ки тайи даҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои кишвар 13 миллиарду 684 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди соли гузашта 8,2 фоиз зиёд аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






