Даргузашти Халифабобо Ҳомидов
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 29 декабр, баъд аз бемории тӯлонӣ, дар синни 64 Халифабобо Ҳомидов, собиқ вазири адлия ва яке аз муаллифони Қонуни асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз дунё даргузашт. Халифабобо Ҳомидов зодаи рустои Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, соли 1973 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро ба итмом расондааст.Халифабобо Ҳомидов ба ҳайси узви Комиссияи оштии миллӣ, мушовири давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва вазири адлияи Тоҷикистон кор кардааст.Вай соли 2001 бо фармони Президенти Тоҷикистон Тоҷикистон вазири адлия таъйин гардида ва то соли 2006 дар ин мақом кор кардааст. Маросими видоъ бо ӯ, имрӯз 30 декабр дар манзили зисташ дар маркази Душанбе баргузор хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






