Думаи Русия созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро ба тасвиб расонд
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Назар ба иттилои Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Думаи давлатии Русия созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро ба тасвиб расонд. Ин санад, ки 8-уми феврали соли равон дар Маскав ба имзо расидааст, муҳлати ниҳоии сабти муваққатии иқоматро барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 7 ба 15 рӯз расонд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи умури ИДМ, Леонид Слутский, аз лиҳози муҳоҷират тоҷикон баъд аз украинҳо, узбакҳо ва қазоқҳо дар ҷойи чаҳоруманд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки тасвиби ин санад ба таҳкими равобити байни Русия ва Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.Дар ҷараёни баррасии қарордод сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский гуфт, дар соли 2013 наздик ба 90 000 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуданд. Вай инро натиҷаи тағйир дар қонуни муҳоҷират донист, ки омилҳои радди хоҳишмандони сафари Русияро бештар намуд. Ин дар ҳолест, ки дар соли равон ба 440 000 нафар иҷозаи вуруд ба Русия дода нашуд.Ин манбаъ афзуд, дар соли 2013 вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18 дарсад афзуд ва 40 дарсади муҳоҷиронро афроди аз 17 то 29-сола ташкил додаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






