Эътироз ба 25 фармони директорони мактаб

Декабрь 2, 2013 15:14

Қумсангир, 2 декабр.(АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова).-Воқеан таълиму тарбияи дурусти фарзанд яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор меравад. Тавре ки дар ин хусус ёрдамчии калони прокурори Прокуратураи ноҳияи Қумсангир Бахтовар Шарипов иттилоъ дод, аз ҷониби прокуратура 16 ҳолате, ки падару модарон уҳдадориҳои худро дар мавриди муҳайё намудани шароит барои ҳифзи саломатӣ, манъ кардани фарзандони то 20-сола аз шабона рафтан ба марказҳои дилхушӣ иҷро накардаанд ва дигар уҳдададориҳоро ошкор карда, бо дастрасии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парванда оғоз гардида, мавриди чораҷӯӣ қарор дода шудааст. Дар ин раванд оид ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба унвони мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қумсангир 15 амр пешниҳод гардида, ба 25 фармони директорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бинобар ғайриқонунӣ қабул шуданашон эътироз оварда шудааст.

Декабрь 2, 2013 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш