Иқдоми хайрияи Клуби байналмилалии ҳамсарони сафирон

Декабрь 31, 2013 11:48

Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 28 декабр иқдоми хайрия роҳандозӣ шуда, ташкилкунандагони он аз интернати кӯдакони маъюби шаҳраки Хирманаки ноҳияи Ҳисор дидор намуданд. Ин чорабинӣ бо ибтикори аъзои Клуби байналмилалии ҳамсарони сафирон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо мусоидати сафоратҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ширкати сохтмонии «Тзин – Шан» — и Ҷумҳурии Чин Чен Ю Шан сурат гирифт. Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо назардошти хоҳиши роҳбарияти интернат барои кӯдакон либосҳои гарм, аз ҷумла 200 костюми варзишӣ, 250 ҷуфт пайпоқи гарм, 100 телпак, 15 килограмм ширавори гуногун тақдим гардид. Қобили зикр аст, ки Клуби байналмилалии ҳамсарони сафирон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро 17 октябри соли 2013 ҳамсарони дипломатҳои муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъсис дода буданд. Клуби мазкур ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатӣ буда, ба тиҷорат машғул нест. Яке аз вазифаҳои клуб иборат аз чорабиниҳои хайрхоҳона ба манзури расонидани ёрӣ ба табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба кӯдакони бемору маъюбон, хонаҳои бачаҳо ва кӯҳансолон аст. Вазифаи президенти клубро ҳамсари Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Клара Смагулова ба уҳда дорад.

Декабрь 31, 2013 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд