Интишори гузориши «Вазъи иҷтимоию иқтисодии ҶТ»
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Гузориши «Вазъи иҷтимоию иқтисодии ҶТ» тайи моҳҳои январ — ноябри соли 2013 аз чоп баромад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, нашрияи ҳармоҳаи Агентии омори назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон маълумоти таъҷилӣ дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар, ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаю бахшҳои иқтисодиёт тайи моҳи охир ба давраи аз оғози солро дар бар мегирад.Дар гузориш суръати афзоиши нишондодҳои иҷтимоию иқтисодӣ аз рӯи моҳҳои соли ҷорӣ ва соли гузашта зикр ёфтааст. Гузоришро агентии мазкур дар асоси маълумоти мақомоти омори давлатии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия месозад. Дар гузориш маълумоти муфассал аз рӯи соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт, алоқа, равобити иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, вазъи демографӣ ва нишондодҳои дигар зикр ёфтааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






