Иштироки курсантҳои тоҷик дар мусобиқоти Красноярск
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибири Русия дар мусобиқот аз рӯи тенниси Спартакиадаи корхонаю ташкилотҳои ноҳия бахшида ба 45 – солагии ноҳияи Совети шаҳри Красноярски Федератсияи Русия иштирок намуданд. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, аз рӯи натиҷаи мусобиқот, ки 3 декабр анҷом ёфт, дастаи Тоҷикистон баробари курсантҳои дигари Қирғизистону Русия бо медалу дипломҳо ва инъомҳои қиматбаҳо қадр карда шуд. Қобили зикр аст, ки дар асоси Созишномаи байни Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳуқуқшиносии шаҳри Красноярски Русия 20 нафар фарзандони кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар донишкадаи мазкур ба таври маҷҷонӣ таҳсил мекунанд. Мувофиқи суханони худи курсантҳо, хонандагони Тоҷикистон на фақат дар раванди таҳсил, балки дар ҳаёти ҷамъиятию варзишии ин донишкадаи олӣ низ фаъолона иштирок менамоянд. Роҳандозии тадбирҳои муштараки варзишӣ дӯстию ҳамфикриро таҳким бахшида, ҳамаи курсантҳоро ба ҳам наздиктар мегадонад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






