Иштироки Тоҷикистон дар чорабинии Соли байналмилалӣ
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати олимақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Аслов дар ҷорабинии сатҳи баланд барои муҳокимаи натиҷаи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об дар шаҳри Мехико иштирок намуд. Ин чорабинӣ бо ибтикори ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ шуд. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханрониаш зикр намуд, ки Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об имконияти хуберо барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масоили ҳамкорӣ дар бахши истифода ва ҳифзи захираҳои об фароҳам овард. Зикр шуд, ки роҳандозии чорабиниҳои зиёд дар сатҳи баланд дар ҳошияи Соли байналмилалӣ ба бештар воқиф шудан аз усулҳои рушду густариши ҳамкорӣ дар амри истифодаи захираҳои об мусоидат намуд. Сироҷиддин Аслов дар робита бо ин дар бораи натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ дар бахши истифодаи об, ки 20 ва 21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, муфассал нақл кард. Иштирокдорони ин чорабинӣ перомуни рушду густариши ҳамкорӣ дар бахши об муфассал сухан ронда, барои қабули уҳдадориҳо дар бахши захираҳои об «харитаи роҳ» — ро таҳия ва қабул намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






