Истифодаи сарфакорона метавонад миқдори интиқоли барқро зиёд кунад
Кӯлоб, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», С, Холов).- Дар минтақаи Кӯлоб сол ба сол таъмини аҳолӣ бо барқ беҳтар мегардад ва агар дар соли гузашта аз моҳи сентябр маҳдудият ҷорӣ гардид, имсол ин амал аз 15-уми ноябр оғоз шуд. Беҳтар гардидани сифати интиқоли барқ аз омодагии хуби шабакаҳои барқии минтақа ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 дарак медиҳад. Кормандони шабакаҳои барқӣ то оғози сардиҳои зимистон маъракаи омодагӣ ба зимистонгузарониро идома доданд. Мутаассифона, барои фаъолияти хуби кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб монеаҳо пеш омадаанд, ки ба сар задани садамаҳо ва соатҳо хомӯш гардидани барқ дар аксар маҳаллаҳои калони аҳолинишин оварда мерасонанд. Мушкилоти дигар худсарона кашидани хатти барқ аз ҷониби сокинон ва сари вақт пардохт накардани ҳаққи истифодаи он мебошад. Ба гуфти кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб дар ҳолати пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аҳолӣ метавонад то 16 соат барқ гирад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






