КФО рақибони дастаи «Равшан»-ро муайян кард
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар қуръакашии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), ки дар пойтахти Малайзия- шаҳри Куала-Лумпур баргузор гардид, дар гуруҳи «А» бозӣ мекунад.Рақибони дастаи «Равшан» дар Ҷоми КФО -2014 дастаҳои «Сувайк» ё «Саҳам»-и Уммон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон мебошанд. Бозиҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2014 аз 25-уми феврал шуруъ мешаванд. Дастаи «Равшан» дар бозиии плей-офф, ки рӯзи 2-юми феврал доир мегардад, дар майдони худ бо қаҳрамони Яман — «Ал-Ярмук Ал-Равда» дидор анҷом медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






