Китоб бахшида ба 90 – солагии Р.Юсуфбеков
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Китоби «Рустамбек Юсуфбеков ҳамчун муаллим, мураббӣ, устод» бахшида ба 90 – солагии зодрӯзи олими намоёни тоҷик, ходими давлатӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ходими шоистаи илм, доктори илми иқтисод, профессор Рустамбек Юсуфбеков аз чоп баромад. Мувофиқи суханони номзади илми таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мусоята Шерғозиев, Рустамбек Юсуфбеков дар давоми фаъолияташ асарҳои зиёдеро чоп намуда, ба рушди илми иқтисоди кишвар ҳиссаи арзанда гузошт. Мавсуф яке аз аввалин муҳаққиқони масоили иқтисодиёти маорифи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар асарҳояш рушди ин соҳаи маорифи кишвар муфассал таҳлил шудааст. Ба китоб ҳамчунин мақолаҳо дар бораи саҳми Р.Юсуфбеков ба рушди маориф халқ ва илму фарҳанги кишвар дохил шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






