Кормандони гумрук қочоқи асъори хориҷиро пешгирӣ намуданд

Декабрь 25, 2013 10:44

Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Тибқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ барои аз ҷумҳурӣ баровардани асъори нақди хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ аз кишвар шаҳрвандон бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда декларатсия ироа намоянд. Дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти махсус ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирон аз ҷониби кормандони гумруки майдони ҳавоии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бо гумони интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ — рубли Бонки миллии Федератсияи Русия ба маблағи хеле зиёд, мусофири хатсайри рақами 886 самти Душанбе- Санкт-Петербург Комилҷон Алиев, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи ноҳияи Рўдаки боздошт щуд. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ хабар доданд, ҳангоми муоинаи гумрукӣ аз дохили бағоҷи дастии сумкаи варзишӣ як бастаи селофанӣ, ки дар он 49 бастаи нақдияҳои пулӣ ба маблағи умумии 26 миллиону 394 ҳазор рубли русӣ дарёфт гардид. Муайян карда шуд, ки маблағи мазкур ба Файзалӣ Мирзоев тааллуқ дошта, бо маслиҳати пешакӣ бо Комилҷон Алиев ва намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Урал»-и Федератсияи Русия Эркинҷон Ҳакимов бо мақсади пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ кўшиши ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия интиқол доданро доштанд. Шаҳрванд Файзалӣ Мирзоев аз Ҳакимов Эркинҷон хоҳиш намудааст, ки маблағи пулии 26 миллиону 394 ҳазор рубли русиро ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад. Ҳамин тавр, Ҳакимов Эркинҷон бо истифода аз мақоми хизматии худ бо тариқи гузаргоҳи хизматии «Фурудгоҳи байналмиллаии Душанбе» гузашта, маблағи пулиро ба дасти шаҳрванд Комилҷон Алиев, ки аллакай аз назорат ва барасмиятдарории гумрукӣ гузашта, дар толори интизории фурудгоҳ қарор дошт, мерасонад, Алиев маблағи пулиро дар бағочи дастии худ пинҳон намуда, ба ҳавопаймо ворид мешавад. Дар ҳамин ҳолат кормандони гумрук дар асоси маълумоти фаврӣ парвози тайёраро боздошта, Алиев Комилҷонро дастгир намуданд ва аз бағоҷи дастии ў маблағи пулии 26 миллиону 394 ҳазор рубли русӣ дарёфт гардид. Оид ба ҳодисаи мазкур нисбат ба дастгиршудагон Мирзоев Файзалӣ, Алиев Комилҷон ва Ҳакимов Эркин парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 3 банди «а» -и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда оғоз шуда, барои тафтиши минбаъда ба Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Декабрь 25, 2013 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад