Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҳолати омодабоши доимӣ гузашт
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вобаста ба омодагӣ гирифтан дар мавсими зимистони имсола, бахусус дар ҳолатҳои боришоти барфу борони рўзҳои 16-18 декабр аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси огоҳии Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супоришҳои мушаххас дода шуд.Тавре ки сардори маркази матбуоти кумитаи мазкур Ориф Нозимов иттилоъ дод, ҳамзамон ҳайати шахсии ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин рўзҳои сард ба ҳолати омодабоши доимӣ гузаронида мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






