М.Юсуфзай ҷоизи мукофоти СММ дар бахши ҳуқуқҳои инсон

Декабрь 11, 2013 11:41

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- 10 декабр Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқҳои инсонро таҷлил намуд.Мувофиқи анъана баъди анҷоми чорабиниҳои ботантанаи ин рӯз маросими супурдани мукофотҳо дар бахши ҳуқуқҳои инсон ба шахсони алоҳида ва созмонҳо барои саҳмашон ба татбиқи рӯзномаи башардӯстонаи СММ баргузор мегардад. Малола Юсуфзайи покистонӣ, ки барои ҳуқуқи ҳамаи кӯдакон барои таҳсилот мубориза мебарад, ҷоизи мукофоти соли 2013 гардид. Толибаи покистонӣ Малола Юсуфзай барои муборизааш баҳри дастрасии занони тамоми ҷаҳон, аз ҷумла занони Покистон ба таҳсилот машҳури ҷаҳон гаштааст, дучори ҳамлаи фундаменталистони исломӣ гардида, ба зӯр ҷон ба саломат бурдааст. Хотирнишон месозем, ки аз ин пеш Малола Юсуфзай бо мукофотҳои ба номи Анна Политковская ва Андрей Сахаров қадр шуда буд.

Декабрь 11, 2013 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш