Маҷлиси ботантана дар Вазорати молия
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи иди касбии кормандони низоми молияи кишвар маҷлиси ботантана баргузор гардид. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Қурбонов маҷлиси ботантанаро ифтитоҳ намуда, ҳайати вазорат ва ташкилотҳои зертобеи онро бо иди касбии кормандони молия муборакбод карда, ба ҳамаи онҳо муваффақият дар кор, тансиҳатӣ ва бахту саодат орзу намуд. Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳакимов зимни маърӯзааш бахшида ба Рӯзи иди касбии кормандони низоми молиявӣ аз фаъолияти хадамоти молияи Тоҷикистон муфассал нақл кард. А.Қурбонов дар анҷоми маҷлиси ботантана изҳори умедворӣ намуд, ки кормандони низоми молияи кишвар барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда саъю кӯшиш намуда, дар фаолияти рӯзмарраашон ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






