Маросими муаррифии корхонаи Русия

Декабрь 6, 2013 11:19

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Заводи маснуоти комплектӣ» — и шаҳри Тюмени Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Заводи маснуоти комплектӣ» ба тавлиди таҷҳизоти конҳои нафту газ, системаҳои нафту обкашӣ, таҷҳизоти марказҳои гармидиҳӣ ва ғайра машғул аст. Ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи «Газпром», «Сургутнефтегаз», Ширкати нафти «Лукойл» бо ин корхона ҳамкорӣ доранд. Дар маросими муаррифии корхонаи зикршуда намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу коррези Душанбе», Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж», Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёна, «Роҳи абрешим», ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Об – ҳаёт», «Пайки меҳр» ва ғайра иштирок доштанд.

Декабрь 6, 2013 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш