Муҳокимаи лоиҳаи Стратегияи минтақавӣ
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар шаҳри Душанбе мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо намояндагони Раёсати оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ дар Афғонистон Ҷерем Миллс ва Тоҷикистон Алӣ Саряздӣ баргузор гардид.Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ҷараёни мулоқот масъалаи татбиқи Барномаи Раёсати оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ таҳти унвони «Барномаи минтақавии пуштибонии кӯшишҳо дар мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011 – 2014» ва натиҷаи мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Русия, Чин, ИМА, Туркия, намояндагони Раёсати оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Муколамаи Душанбе», ҳамчунин конфронси оид ба ҳамкории Афғонистону Тоҷикистон дар амри назорати маводи мухаддир, ки аз 30 ноябр то 2 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди муҳокима қарор гирифт.Мувофиқи иттилооти манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин масоили таҳияи Лоиҳаи стратегияи минтақавӣ дар мубориза бо маводи мухаддир, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муқобилат ба маводи мухаддир дар ҶТ барои соли 2014 – ро баррасӣ намуданд.Намояндагони Раёсати оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ дар навбати худ ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилу роҳандозии «Муколамаи Душанбе» ва мақоми кишвари мо дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зидди маводи мухаддир ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






