Муҳокимаи масоили танзими муҳоҷирати меҳнатӣ

Декабрь 20, 2013 15:13

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Сардори шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ М.Орифов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятию машваратии назди Раёсати федералии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав, ки 19 декабр баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти муассисаи зикршуда ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндагони Думаи Давлатии Русия, Думаи шаҳри Маскав, Ҳукумати шаҳри Маскав, иштирокдорони Шӯрои илмию коршиносии Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ, аҳли илм, созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияю ҷамоаҳои миллӣ ширкат доштанд. Дар ҷараёни ҷаласа аз рӯи масоили мубрами танзими муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор баргузор шуд.

Декабрь 20, 2013 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш