Муайян намудани манъи воридоти шаҳрвандон ба қаламрави ФР
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки охири моҳи ноябри соли равон дар сомонаи интернетии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар қисмати «Хизматрасонии иттилоотӣ» оид ба шаҳрвандоне, ки вобаста ба вайрон кардани қонунҳои будубоши муҳоҷират ва содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиҳати манъ будани воридоташон ба қаламрави ФР ҳамчун меҳмони нохонда маълумоти зарурӣ пахш гардид. Ба иттилои манбаъ, акнун ҳар як шаҳрванд пеш аз сафар ба Федератсияи Русия бо осонӣ дар сомонаи интернетии Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Русия (сайт ФМС Россия) даромада, қисмати (Информационные сервисы) «Хизматрасонии иттилоотӣ» -ро пахш намоед ва бо пайдо шудани сатри муайян намудани асосҳои манъ будани воридот ба ФР бо хати ФМС, дар ҳол мушаххасоти худро дар бандҳои нишондоди шиносномаи шаҳрвандӣ, ному насаб, санаи таваллуд, ҷинс, серия ва рақами шиноснома, санади додани шиноснома, мақоме, ки шиноснома дода шудааст ва муҳлати онро пур намоед, баъдан шохиси (коди махсус) дар охири сатрҳо пайдошударо дар банди охир дохил намуда, тугмачаи равон кардани дархостро зер намоед. Шумо бо иҷро намудани ин амал, барои фаҳмидани ному насабатон дар рӯйхати шаҳрвандони манъ будани воридоташон ба қаламрави ФР муваффақ мешавед.«Ин иқдом мушкилоти шаҳрвандонеро, ки бо сабаби надоштани маълумот дар бораи маҳкам будани воридоташон ба Федератсияи Русия, ки зимни сафар дар фурудгоҳҳои ҳавоӣ ва нақлиётиву қатора аз тарафи кормандони сарҳадбони қаламрави кишвари Русия бо надодани иҷозати вуруд бозпас мегарданд, аз байн мебарад», -афзуд манбаъ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






