Муаррифии “Куллиёти осор”-и Абдулманнони Насриддин
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Куллиёти осор”-и шодравон Абдулманнони Насриддин муаррифӣ гардид. “Куллиёти осор” аз ҳафт ҷилд иборат буда, аз китобу рисолаҳои то кунун нашршуда ва ҳам нашр нашуда ва мақолаву ёддоштҳои маҳфуз дар бойгонии муаллиф иборат мебошад. Ҳафт ҷилди китоби мазкур аз “Асари устод Рӯдакӣ”, «Шарҳнигорӣ дар адабиёти форсу тоҷик, ҳамчунин дар бораи матншиносӣ», «Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд», «Достонҳо аз “Бӯстон”-и Саъдӣ», «Шарҳи “Гулистон”-и Саъдӣ ва ҳамчунин Фарҳанги тафсилии “Шамс-ул- луғот”», Тақризҳо ва мақолаҳои Абдулманнони Насриддин ва «Баъзе пораҳо аз ёднома ва сафарномаҳои Абдулманнони Насриддин» иборат аст. Ҳамчунин бо пешниҳоди адабиётшиносон ва иштирокчиёни нишасти мазкур шакли электронии китоб дар хидмати хонандагон гузошта хоҳад шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






