Мулоқот дар ВКХ ҶТ

Декабрь 31, 2013 11:47

Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 30 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хироюки Имахаширо ба ҳузур пазируфт. Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории байни ҳар ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ карданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷопон барои мададаш дар татбиқи лоиҳаҳои мухталифи муҳими иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки барои рушди ҳамкорӣ бо Ҷопон аз рӯи ҳамаи масоиле, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб менамоянд, аз ҷумла барои ҳамкорӣ бо Агентии оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷопон омодааст. Ҷонибҳо ҳамчунин масоили вазъу дурнамои рушди муносибатҳои дутарафа, рӯи кор овардани ҳамкории мутақобилан муфид дар бахшҳои иқтисодиёт, савдо, дастгирии бахши инфиродӣ ва ҷалби инвеститсияҳои Ҷопонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Декабрь 31, 2013 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш