Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо волӣ ва шаҳрдори шаҳри Қуния
Анқара, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 6 декабри соли ҷорӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо волии Қуния Муаммар Ерол ва шаҳрдори шаҳри Қуния Тоҳир Акюрек мулоқот баргузор намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои протоколи ҳошиявӣ оид ба бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Кӯлоб ва Қуния ва дар амал татбиқ намудани онро барои тавсеа ва таҳкими робитаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод, саноат, маориф ва варзиш миёни шаҳрҳои Кӯлоб ва Қуния мавриди баррасӣ қарор доданд.Волӣ ва шаҳрдори шаҳри Қуния ҷиҳати дар амал татбиқ намудани протоколи мазкур қарор қабул намудаанд, ки ҳайатҳоро аз Кӯлоб ба Қуния ва аз Қуния ба Кӯлоб даъват намоянд.Бояд зикр намуд, ки Протоколи ҳошиявӣ оид ба бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Кӯлоб ва Қуния рӯзи 17 декабри соли 2012 зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия ба имзо расида буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






