Мулоқоти Ш. Орумбеков бо кормандони Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Р. Нусратуллоева).- Мулоқоти олимон бо вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ 27 декабр доир гардид. Дар мулоқот суҳбат доир ба коркарди стратегияи рушди фарханг, ки пажуҳишу таҳқиқи масоили фарҳанг ба он бештар ниёз дорад, сурат гирифт. Ходимони илмии Пажуҳишгоҳ гуфтаниҳои зиёд ва таклифу пешниҳодҳои бештареро матраҳ карданд, ки барои рушди дурнамои соҳа муҳим ва муфид буданд. Дар мулоқот олимон ва мутахассисони муассиса дастовардҳои соли 2013-ро натиҷагирӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳоло ҳам иқтидори илмии пажуҳишгоҳ беҳтару бештар мавриди истифода қарор нагирифтааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин зарур аст, ки робитаҳои илмӣ бо сойири муассисоти марбута густариш ёбанд, талқиқоти бунёдии ҳамгироии илму амалия хубтар роҳандозӣ шавад, мушкилоти ояндабинии илмӣ баррасӣ гарданд ва сифати корҳои илмӣ дар сатҳи бунёдӣ боло гирад ва тарбияти нерўи мутахассис ва коромад таъмин шавад. Дар мулоқот олимон ва кормандони соҳаи фарҳанг баъзе андешаҳо ва пешниҳодҳои худ, аз ҷумла таҳияи пешниҳодҳо оид ба истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар соҳаҳои гуногун ва навини фарҳанг; таҳия ва муайян намудани пешомадҳо оид ба рушди соҳаҳои гуногун ва самту равияҳои фарҳангшиносӣ; таҳияи консепсияи фароғат дар Тоҷикистон; ба нашр омода сохтани натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ аз рўи мавзуъҳо, мушки лот ва соҳаҳои навину гуногуни фарҳангшиносиро иброз доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






